Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хона"-и ояндаи муҳоҷирон ба коми оташ рафт


Як толори варзиш дар шаҳри канори Берлин, ки бояд ба қароргоҳи муваққати паноҳандагон табдил мешуд, шаби 24 август ба коми оташ рафт. Полиси Олмон рӯзи 25 август хабар дод, ки дар ин оташсӯзӣ дар шаҳри Науен, воқеъ дар 40-километрии ғарби Берлин, касе осеб надидааст.

Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки ин бино барқасдона оташ зада шудаааст. Ба навиштаи хабаргузории DPA, қарор буд, ки тақрибан сад паноҳанда аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо моҳи сентябр муваққатан дар ин толори варзиш ҷойгир мешуданд. Гурӯҳҳои нажодпарастии Олмон алайҳи ин тасмим чанд бор эътироз карда буданд.

Эътирозҳо зидди муҳоҷирон дар Олмон афзоиш ёфтаанд ва аз ин пеш афроди норозӣ ва гурӯҳҳои миллатгаро ба қароргоҳҳои мувақққати паноҳандагон ҳамла карда буданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел амалҳои эътирозӣ зидди паноҳандагонро, ки охири ҳафтаи гузашта дар шарқи кишвар баргузор шуданд, шадидан маҳкум кард. "Он чӣ нафратовар аст, ки ифтрогароҳои ростгаро ва фошистҳои нав афкори хашини худро дар зеҳни ҷомеъа ҷой карданӣ мешаванд ва вақте шаҳрвандони оддии дорои оилаву фарзанд ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, воқеъан ҷойи шарм аст", гуфт Ангела Меркел.

Қарор аст, ки соли равон Олмон тақрибан 800 ҳазор паноҳандаро дар қаламраваш ҷой диҳад.

XS
SM
MD
LG