Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳзори сафири Покистон дар Кобул


Таҷлил аз Рӯзи истиқлол дар Кобул
Таҷлил аз Рӯзи истиқлол дар Кобул

Афғонистон сафири Покистон дар Кобулро эҳзор карда, аз ӯ шарҳи даргирӣ байни нирӯҳои амниятии ду кишварро, ки мунҷар ба ҳалокати 8 тан аз пулиси марзии Афғонистон шуд, талаб кардааст. Вазорати хориҷаи Афғонистон шаби 18 август бо пахши як изҳорот аз тӯпборони шадиди посгоҳҳои марзӣ дар вилояти Кунар аз сӯи нирӯҳои Покистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи 19 август ба Озодӣ гуфт, “идомаи чунин иқдомот аз сӯи низомиҳои Покистон ба равобити дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд.” Пулиси вулусволии Нории вилояти Кунар мегӯяд, нирӯҳои Покистон рӯзи 17 август дар пайи пайдо кардани ҷасади як марзбони покистонӣ дар посгоҳи марзӣ ба тӯпборон дар саросари марз бо Афғонистон шурӯъ карданд. Рӯзи 19 август афғонҳои хашмгин дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Афғонистон ба кӯчаҳои Кобул рехта, мегуфтанд, раҳпаймоии онҳо ба зидди Покистон ҳам ҳаст. Афғонистон дар соли 1919 бо имзои як паймони муваққат бо Бритониё истиқлол дар умури хориҷиашро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG