Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Аҳолии Тоҷикистон ба 18.5 млн. хоҳад расид


Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2100 ба ҳаждаҳуним миллион нафар хоҳад расид. Ҷон Уилмос, мудири бахши нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки бар асоси таваллудҳои зиёд дар Африқо ва Осиё дар нимаи асри 21 аҳолии ҷаҳон ду миллард нафар зиёд мешавад. Оҷонсии омори Тоҷикистон моҳи июли соли ҷорӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир аҳолии кишвар қариб ба ҳаштуним миллион нафар расидааст. Гулнора Ҳасанзода -- раиси Оҷонсии омор гуфт, ҳоло мақомоти дахлдор омодагӣ мебинанд, ки дар соли 2020 шумориши саросарии аҳолии кишварро анҷом диҳанд. Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши ду соли пешаш гуфта буд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 ба бештар аз 15 миллион нафар хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG