Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонӣ нисбат ба доллар 30%-и арзишашро аз даст додааст


Дафтари GIZ – Созмони рушди байнулмилалии Олмон дар Тоҷикистон дар нашри нави арзёбии вазъи иқтисоди кишвар гуфтааст, ки тайи ду соли охир пули миллии сомонӣ нисбат ба доллар ҳудуди 30 дарсади арзишашро аз даст дод. Ин созмон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир иқтисоди Тоҷикистон “имконияти нигоҳ доштани қурби пули миллии худро надорад”. Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориш афзудаанд, коҳиш ёфтани арзиши сомонӣ дар баробари доллар на аз ҳисоби беқурб шудани сомонӣ, балки дар пайи боло рафтани арзиши доллар ба вуҷуд омадааст.

Гузоришгарон дар такя ба арзёбиҳои ширкати Goldman Sachs мегӯянд, ки дар натиҷаи рушди қавии иқтисоди Амрико ва “ҷангҳои асъорӣ” қурби доллар дар баробари аксар пули миллии кишварҳо боло рафтааст. Тайи ду соли охир қурби доллар дар баробари асъори кишварҳои рӯ ба рушд 27 дарсад гарон шудааст.

Тоҷикистон то дер боз талош мекард қурби пули миллиашро ба таври сунъӣ нигоҳ дорад, аммо дар натиҷа тайи ним соли охир сомонӣ якбора қурбашро аз даст дод. Ин аст, ки ба таъкиди гузоришгарон иқтисоди кушод ва хурде мисли Тоҷикистон имкони “нигоҳ доштани қурби пулли миллиашро” надорад.

Бинобар арзёбии Бонки миллии Тоҷикистон сомонӣ аз аввали соли равон то ба ҳол 20 дарсади арзиши худро нисбат ба доллари амрикоӣ аз даст додааст. Ҳоло Бонки миллӣ талош дорад, қурби як долларро дар бозори арз дар сатҳи 6 сомониву 52 дирам барои харид ва 6 сомониву 54 дирам барои фурӯш нигоҳ дорад. Ҳоло рақамҳои хариду фурӯши доллар дар тоблуҳои нуқтаҳои саррофӣ дар ҳамин сатҳ боқӣ мондаанд, аммо дар асл як доллар бар ивази 6 сомониву 65 дирам ­ва 7 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

XS
SM
MD
LG