Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Қирғизистон ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон


Қирғизистон дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамсоякишвараш ба маблағи 3 миллион сом кумаки башардӯстона кардааст. Сафорати Қирғизистон дар Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин кумак субҳи 9 август дар 22 мошин тариқи роҳи заминӣ аз шаҳри Ӯш ба Мурғоб интиқол дода шудааст."

Кумаки башардӯстонаи ҷониби Қирғизистон, ки аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар амалӣ мешавад, аз масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи мавриди ниёзи аввалия иборат аст. Қирғизистон кишвари дувум аст, ки ба Тоҷикистон ба манзури рафъи паёмадҳои офати табиияш кумак мекунад. Пештар Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 10 миллион юан кумаки башардӯстона ироа карда буд.

Дар пайи селу офати табиии рӯзҳои 16 - 23 июли соли ҷорӣ дар шарқи Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар беному нишон шуданд. Ин сели харобиовар ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам хисороти сангине ворид кардааст, ки ба қавли мақомоти расмӣ ба 600 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 100 миллион доллар, мерасад. Ҳукумат аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ расман кумак хостааст.

XS
SM
MD
LG