Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 8 август, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) оғоз ёфт, беш аз 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.
Ин давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир карданд.
Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа буд.
Пеш аз оғози машғулиятҳо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев бо хабарнигорони варзишӣ мулоқот карда, ба суолҳои онҳо дар робита ба омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия посухҳои дақиқ доданд.
Роҳбарони соҳаи варзиши кишвар, пеш аз ҳама ба хабарнигорони варзишӣ барои ҳамкориҳои пайваста, тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола бо фармони президенти Тоҷикистон даҳуми август таҷлил мешавад, табрик гуфтанд.
Аҳтам Абдуллозода ба хабарнигорон иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи Фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ кард.
Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ муқаррар шудааст. Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон гуфт, "15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ мушарраф шудаанд. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.
Дар маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзӣ, инчунин, гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои худ иттилоъ дод. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 24-30 август дар Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Мақсад дорад, ки дар сабқати ҷаҳонии зӯртарин гурзандозҳои олам натиҷаи баланд ба даст биёрад.
Дар доираи барномаи давраи бозомӯзӣ дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқот аз рӯи шиноварӣ ва тенниси рӯи миз байни хабарнигорону кормандони Кумитаи миллии олимпӣ барпо гардид.
Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ”, ғолиб омад. Ибодулло Шоев, корманди Кумитаи миллии олимпӣ, ҷойи дувум ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМО, ҷойи севумро гирифтанд.
Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Зулфия Олимбекова, муҳаррири шабакаи “Овози тоҷик”-и Радиои Тоҷикистон, пирӯз шуд. Дар шиноварӣ байни собиқадорони синашон аз 60 боло Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, мақоми аввалро касб кард. Мирзосафар Шамсиддинов, ёвар ва сухангӯи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов,дар ҷойи дувум ва Эмом Назаров, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”,дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Дар сабқати тенниси рӯи миз, ки миёни мардон сурат гирифт, Маҳмуд Абдуллоев, сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ, соҳиби мақоми аввал шуд. Нуриддин Насриддинов, сардабири идораи “Эҷод”-и Телевизиони “Сафина”, ҷойи дувум ва Ибодулло Шоев, корманди КМО, ҷойи севумро азони худ карданд.
Ғолибони мусобиқот ва соҳибони ҷойҳои дувуму севум бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Дар фарҷоми давраи бозомӯзӣ ба ширкаткунандагон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин ба хабарнигорони фаъоли варзишӣ ҷоизаҳои молӣ супурда шуд.