Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: Овозаҳои поккорӣ дар Порчин дурӯғ аст


Эрон сару садоҳо дар бораи “поккорӣ” дар муассисаи низомии Порчинро “дурӯғ”-е номид, ки мухолифони созиши ҳастаии таърихӣ миёни Теҳрон ва кишварҳои абарқудрат моҳи гузашта ҳосилшуда паҳн мекунанд..

Пажуҳишгоҳи илм ва амнияти байналмиллалии Амрико 6 август аксҳои моҳвораиеро нашр кард, ки дар онҳо булдозеру ғалтаки бузурги буғӣ , қисматҳои нави сохтмон аз ин минтақа берун бурда мешаванд. Эрон дар шарҳи ин наворҳо гуфт, ки дар он минтақа корҳои роҳсозӣ идома доранд, аммо кормандони пажуҳишгоҳ ин иддаоро зеро шубҳа бурданд. ИМА ва Исроил ҳадс мезананд, ки Теҳрон маҳз дар ҳамин муассиса озмоишҳои марбут ба сохтани силоҳи ҳастаиро роҳандозӣ кардааст ва акнун онҷоро поккорӣ мекунад.

Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 8 август гуфтаҳои Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эронро овард, ки "мухолифони созиши ҳастаӣ аз ин пеш ҳам ин гуна дурӯғҳоро паҳн мекарданд". Ҳадафи онҳо – халалдор кардани созиши ҳастаист, гуфт Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG