Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду қочоқчии афғон дар марз


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як гурӯҳи созмонёфтаро дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон хунсо ва аз маҳалли ҳодиса 275 кило "ҳашиш" кашфу мусодира кардааст. Шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ рӯзи 4 август гуфт, ки дар чанд рӯзи гузашта як гурӯҳи фаромиллии маводи мухаддир, иборат аз чаҳор нафар, қасд доштаанд аз мавзеи Янгиқалъаи вилояти Тахор бо истифода аз пайроҳаҳои пинҳонӣ теъдоди махсусан зиёди ҳашишро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар вақти ошкор шудани ҳаракати ин гурӯҳ миёни чаҳор нафар қочоқбарон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даргирии шадид ба амал омада ва ду нафар қочоқбар -- Абдулсабур валади Абдулқудус ва Зоир валади Муллоаваз кушта шудаанд. "Ду нафари дигар - Ҳошим валади Миракбар ва Муҳибулло валади Ҳоҷӣ Абдулҳамид фирор карданд," -- мегӯяд манбаъ.

XS
SM
MD
LG