Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон афзоиши нархи барқро ҷуброн мекунад


Ҳукумати Арманистон қарор кард, афзоиши нархи нерӯи барқро аз ҳисоби фурӯши яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои барқ пӯшонад. Сарвазири ин кишвар Ҳовик Абрамиён мегӯяд, 16 дарсад боло рафтани нархи барқро ҳукумат аз ҳисоби фурӯхтани нерӯгоҳи барқи обии "Варатон" ҷуброн хоҳад кард. Ин нерӯгоҳро ширкати амрикоии КонтурГлобал ба 180 миллион доллар мехарад. Нархи барқ дар Арманистон сар аз якуми август 16% боло рафт, аммо сабаби эътирозҳои густардаи аҳолии ин кишвар шуд. Қаблан, раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисён ба дунболи эътирозҳо гуфта буд, афзоиши нарх танҳо баъд аз он ҷорӣ хоҳад шуд, ки бозрасии давлатӣ зарурати онро тасдиқ кунад.

XS
SM
MD
LG