Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хабари марги Ҳаққониро рад карданд


Ҷалоллудин Ҳаққонӣ, вазири собиқи Толибон дар умури қабилаҳо дар соли 2001 дар Покистон.
Ҷалоллудин Ҳаққонӣ, вазири собиқи Толибон дар умури қабилаҳо дар соли 2001 дар Покистон.

Толибон дар Афғонистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтаанд, ки хабари марги Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, таъсискунандаи шабакаи террористии Ҳаққонӣ воқеият надорад ва ӯ зинда аст. Дар ин баёния, ки рӯзи 2-уми август дар вебсайти Толибон нашр шуд, омадааст, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ҳоло барои марги Мулло Умар, раҳбари Толибон, ки хабари марги ӯ дар соли 2013 ҳамин ҳафта таъйид шуд, мотам гирифтааст. Ба гуфтаи Толибон, Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ҳамчунин аз Мулло Ахтар Мансур, раҳбари нави Толибон ҳимоят карда ва ба аъзои гурӯҳ тавсия додааст, ки “ваҳдату низом” дар байни гурӯҳро нигаҳ доранд. Толибон гуфтанд, ки Мулло Мансурро раҳбари нав баргузиданд, вале иддае аз фармондеҳони гурӯҳ гуфтаанд, ки мехоҳанд Яъқуб, писари Мулло Умар раҳбар шавад.Рӯзи 31-уми июл манобеъи мӯътамад дар дохили Толибон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои Покистон гуфтанд, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, ки шабакаи таъсискардааш шарики Ал-Қоида ва Толибон аст, соли 2014 бар асари беморӣ фавтидааст ва ӯро дар Афғонистон гӯр кардаанд. Аммо Толибон рӯзи 1-уми август гуфтанд, ки хабари марги Ҳаққонӣ беасос аст.

XS
SM
MD
LG