Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби ҳавзҳои олимпии Бразилия олуда шудааст


Баъди нашри гузоришҳо дар бораи олуда шудани ҳавзҳои шиноварӣ барои бозиҳои олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио Де Жанейро, аз баргузоркунандагони бозиҳо дар Бразилия хостанд, оби ҳавзҳоро дақиқ ташхис кунад. Аз ин пештар хабаргузории Ассосиейтед Пресс таҳқиқеро нашр кард, ки дар он омадааст, баъди ҷорӣ шудани оби олуда ба ахлоти инсон ба ҳавзҳои шиноварӣ, дар оби ин ҳавзҳо микробҳои бисёр хатарнок барои сиҳатии варзишгарону саёҳон ошкор шудааст. Баъди ин Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ пешниҳод кардааст, ба ташхису назорати ҳавзҳо шурӯъ кунад. Сухангӯи кумита гуфтааст, «сиҳативу саломатии варзишгарон вазифаи аввалиндараҷаи» онҳост ва бар асоси меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳеҷ хатари ҷиддие ба ҷони варзишгарогн таҳдид намекунад.

XS
SM
MD
LG