Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли хониши синфҳои як 1 август сар мешавад


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки соли нави таҳсил барои хонандагони синфи якум ба фарқ аз солҳои гузашта аввали моҳи август оғоз хоҳад шуд. Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 30 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат бо супориши ҳукумати Тоҷикистон барномаи якмоҳаеро таҳти унвони "Омодагӣ ба мактаб" дар пеш гирифтааст ва онро ба ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ фиристодааст. Ба гуфтаи Алиев, дар ин як моҳ хонандагонро зимни бозиҳои шавқовар ва ҳарфу рақамҳо шинос мешаванд. Фарқи дигар ин аст, ки таҳсил дар мактабҳо дар чаҳорчӯби ин барнома аз рӯзи душанбе то ҷумъа сурат мегирад ва шанбе рӯзи истриоҳат хоҳад буд. Сардори раёсати мактабҳои миёнаи вазорати маориф ҳадаф аз роҳандозии таҳсили як моҳ қабли хонандагони синфҳои якумро омода набудани бархе аз кӯдакон ба таълим рабт дод. Ба гуфтаи оқои Алиев, дар кишвар шумораи кӯдакистонҳо кофӣ нест ва "омодагӣ ба мактаб дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ҳамаи хонандагонро дар бар намегирад.” Бино бар иттиллои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имсол бештар аз 180 ҳазор кӯдак бори нахуст ба остонаи мактаб қадам хоҳанд гузошт.

XS
SM
MD
LG