Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вазъи Судони Ҷанубиро баррасӣ мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 27 июл дар мулоқот бо раҳбарони баъзе кишварҳои африқоӣ дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон, вазъи Судони Ҷанубӣ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад. Мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки гурӯҳи музокиракунанда аз кишварҳои Африқо пешниҳодҳои ниҳоӣ оид ба ҳалли низоъ дар Судони Ҷанубиро таҳия кардааст.

Дар мулоқот бо Барак Обама президентҳои Кения ва Уганда, раиси Иттиҳодияи Африқо ва вазири умури хориҷии Судон ширкат мекунанд.

Ҳабашистон дар музокирот оид ба Судон яке аз нақшҳои асосиро дорад.

Дар Судони Ҷанубӣ душманӣ миёни намояндагони қавми нуэр зери раҳбарии Риека Машар ва қавми сернуфуси динка, ки раисиҷумҳур Салва Киир ба он тааллуқ дорад, жарфтар мешавад.

Низоъ моҳи декабри соли 2013 баъд аз он шурӯъ шуд, ки Киир муовинаш Машарро дар таҳияи табаддулоти давлатӣ айбдор кард. Машар, ки соли гузашта аз мақоми муовини раисиҷумҳур барканор шуд, ин иттиҳомро рад намуд ва даст ба ошӯб зад. То имрӯз аз минтақаи даргириҳо беш аз як миллион нафар фирор карданд.

XS
SM
MD
LG