Теъдоди қурбониёни таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар вилояти Хӯст, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба 33 нафар расид. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ рӯзи 13 июл хабар доданд.
Таркиш рӯзи якшанбе дар постгоҳи канори пойгоҳи низомии Кампи Чалмон рӯй дод – пойгоҳ қаблан аз сӯи Маркази кашфи ИМА истифода мешуд ва ҳоло он ҷо низомиёни афғон, амрикоӣ ва чанд кишвари дигар мустақаранд.
Бино ба иттилои ахир, дар таркиш 27 сокини осоишта ва шаш корманди амниятӣ ҷон бохтаанд. Бештари қурбониён занону кӯдаконанд.
Пойгоҳи Кампи Чалмон моҳи декабри соли 2009 ҳам мавриди ҳамлаи маргталабона қарор гирифта буд - дар он ҳамла нӯҳ нафар кушта шуда буданд.