Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шермуҳаммади Шоҳиён: Даъвои ҲНИТ асос надорад


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, даъвои Ҳизби наҳзати исломиро дар бораи иҷро нашудани бандҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон ва муроҷиаташ ба Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили сулҳ беасос донист. Ӯ рӯзи 13 июл гуфт, ҲНИТ як тарафи сулҳ набуда, то кунун ягон масъалаи ҳалношуда дар доираи созишнома низ боқӣ намондааст. Оқои Шоҳиён афзуд, "ду муовини раиси ҲНИТ ба қабули ман омада ва хаттӣ муроҷиат карданд. Вақте ба муроҷиат шинос шудем, онҳо мехостанд, нисбат ба чанд мансабдор, ки гӯё ба онҳо фишор овардаанд, парванда боз кунем. Аммо салоҳияти парванда боз карданро надорем ва онро ба Додситонии кулл фиристодем." Раёсати ҲНИТ рӯзи 1 июл аз СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон хост, то бо дахолати бевосита ба вазъият "аз ҳукумати Тоҷикистон риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд." Дар ин нома ҳукумати Тоҷикистон ба "амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёна" нисбат ба мухолифонаш айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG