Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф мегӯяд, тавофуқи атомӣ ҳосил мешавад


Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, имкон дорад, ки то созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳосил шавад, ҳарчанд замони таъйиншуда барои расидан ба тавофуқ рӯзи 30-уми июн ба поён мерасад. Ҷавод Зариф дар ин рӯз ва пеш аз мулоқоташ бо Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико дар шаҳри Вена ба хабарнигорон гуфт: “Ман ба инҷо барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ омадаам ва фикр мекунам, мо ба тавофуқ мерасем.” Ҷавод Зариф рӯзи 30-уми июн барои музокирот бо намояндагони панҷ қудрати ҷаҳонӣ, Амрикову Чин, Фаронсаву Русия ва Бритониёву Олмон ба Вена баргашт, то созиш дар бораи барномаҳои атомии кишварашро ниҳоӣ кунад. Бар асоси ин созиш Эрон бояд дар ивази аз байн бардоштани таҳримоти байналмилалӣ фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд намояд. Дар музокирот Ҷавод Зарифро, Алӣ Акбар Солеҳӣ, музокиракунандаи аршади атомии Эрон ва Ҳусайн Фаридун, бародар ва дастёри раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Амрикову Фаронса ва Эрон гуфтаанд, ки барои дастёбӣ ба созиш ҳеҷ санаи нав таъйин карда нашудааст. Ҷон Керрӣ гуфт, ҳоло дар бораи ҳосил шудани созиш бо Эрон сухан гуфтан барвақт аст.


XS
SM
MD
LG