Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳангсози "Titanic" ва "Avatar" даргузашт


Ҷеймс Ҳорнер
Ҷеймс Ҳорнер

Бино ба гузоришҳои матбуоти Амрико Ҷейм Ҳорнер-оҳангсози филмҳои гаронбаҳои Ҳолливуд 22 июн дар суқути ҳавопаймое дар синни 61 солагӣ кушта шуд. Вай барои филмҳои "Titanic" ва "Avatar" мусиқӣ офарида буд.

Variety-маҷаллаи тиҷоратии Ҳолливуд гузориш додааст, ки ин оҳангсоз ҳангоми суқути ҳавопаймои шахсиаш дар наздикии Санта Барбараи Калифорния ҷон додааст.

Ҳорнер барои оҳанги таронаи "My Heart Will Go On" дар филми "Titanic"-и Ҷеймс Камерон барандаи ҷоизаи Оскар шуда буд.

XS
SM
MD
LG