Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракат тариқи нақби "Истиқлол" маҳдуд шуд


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кард, ҳаракат тариқи нақби “Истиқлол”, ки Душанберо бо Хуҷанд мепайвандад, маҳдуд шуда, фақат аз соати 10-и шаб то 6-и субҳ барои равуои мошинҳои гаронвазн боз хоҳад буд. Дар соатҳои дигар дар ин нақб корҳои таъмиру бозсозӣ ҷараён хоҳад гирифт. Ин маҳдудият аз се то чор моҳ идома мекунад. Сӯҳроб Сафаров, муовини аввали Вазири нақлиёти Тоҷикистон, 22 июн ба Озодӣ гуфт, барои равуо аз пойтахт ба шимол ва ё баръакс, ағбаи Анзоб боз шудааст. Ӯ мегӯяд, “феълан роҳи ағба тахту ҳамвор карда шудааст ва ҳеч мушкил дар ҳаракати мошинҳо пеш нахоҳад омад.” Вазорати нақлиёт моҳи январи соли гузашта эълон карда буд, ки тармиму бозсозии фарши нақби “Истиқлол” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ сурат мегирад. Зеро, ба гуфтаи масъулонаш, аз баъзе ҷойҳои фарши нақб об ҷорӣ шуда, ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Сохтмони нақби мазкур, ки дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсию иқтисодӣ мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кумаки билоивази Эрон ба Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG