Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин аз ҲНИТ хост, ки ифтор надиҳад


Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостааст, ки дар мавриди баргузор кардани намози таровеҳ ва густурдани дастурхони ифторӣ дар қароргоҳи ин ҳизб, тавзеҳ бидиҳад. Дар номаи Кумитаи дини Тоҷикистон, ки рӯзи 18 июн бо имзои Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси ин ниҳод ба ҲНИТ ирсол шуд, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди “қонуншиканиҳои ҳизб”, яъне додани ифтор ва намози таровеҳ дар қароргоҳи ин ҳизби динии кишвар, тавзеҳи хаттӣ тақозо шудааст.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки тибқи моддаи 1-и қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳақ надорад дар қароргоҳи худ намози таровеҳ ва ё дастурхони ифторӣ боз кунад. Кумитаи дин аз ҲНИТ талаб кардааст, ки дар зарфи се рӯз дар ин робита маълумоти хаттӣ пешниҳод кунад.

Аммо раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дирӯз дар оғози моҳи шарифи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб намози таровеҳ баргузор нашуд ва дастурхони ифторӣ низ густурда нашудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати ҲНИТ рӯзи 19 июн ба Озодӣ гуфт, шоми дирӯз дари қароргоҳи ҳизб баста буд ва аъзои ҳизб ба масҷидҳои ҷомеи шаҳр барои намози таровеҳ рафтанд.

Вай гуфт, чанд нафар хайрхоҳони ҳизб омода буданд дастурхони рамазонӣ таҳия кунанд, вале баъди дастрас шудани номаи Кумитаи дин, аз ин иқдом даст кашиданд. Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, ҲНИТ тибқи паёми президенти кишвар амал мекард ва ҳар сол дар моҳи Рамазон ба нишони кӯмак ба мардуми ниёзманд тайи 30 рӯз ифтор медод, ки дар он афроди ғайриҳизбӣ ва мардуми ниёзманд ҳузур меёфтанд.

XS
SM
MD
LG