Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи додситони нақлиётӣ дар фурудгоҳи Душанбе


Прокурори нақлиётии Тоҷикистон Абдурашид Кишварзода дар маҷлисгоҳи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷаласаи якҷояи кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ, ШКД, хадамоти гумрук, назорати сарҳад, назорати маводи нашъаовар, фитосанитарӣ ва байторӣ, санитарию эпидемиологӣ, агентиҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии назди фурудгоҳи байналмилалии Душанберо баргузор кард. Дар он, бино бар хабари котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев,масъалаҳои таъмини амнияти авиатсионӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, пешгирӣ ва ошкор намудани интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, лавозимоти интиқолашон мамнӯъ, вобаста ба тамаҷӯӣ, риояи одоби муошират, гумшавии бағоҷ, мубориза бар зидди равандҳои террористӣ, экстремистӣ, пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, дода шудан ба хурофот, баланд бардоштани ғурури миллӣ дар ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ муфассал маърӯза намуд. Аз ҷумла иброз дошта шуд, ки “дарки ҳаводиси ҷаҳони имрӯз водор месозад, ки мо аз хавфу хатарҳои ба оромӣ ва суботи кишвар таҳдидкунанда огоҳ бошем, гароидани ҷавононро ба сафҳои гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ намуда, ба қонуншиканӣ ва қоидавайронкунӣ роҳ надиҳем, тартиботи ҳуқуқиро пурра риоя намоем.” Вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои фурудгоҳи Душанбе иброз дошта шуд, ки хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ба дараҷаи баланд бошад ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймои мусофиронро эҳтиром намоянд. Талабот нисбати ҳамаи кормандони бахшҳои хизматрасон бояд мутобиқи қонун бошад. Мусофир бояд аз таҳқиру озор орӣ буда, худро шаҳрванди комилҳуқуқ ва зери ҳимояи қонун ҳис намояд, мо намегузорем, ки касе ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол намояд, дар охир иброз дошт А. Кишварзода.

XS
SM
MD
LG