Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Чин гелос содир мекунад


Нахустин гелосҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз роҳи ҳавоӣ вориди Чин шуданд ва интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик содироти он ба Чин бештар шавад.

Бино ба хабари манобеи вилояти Шинҷон, ин гелосҳо баъд аз ду соати вуруд пурра ба фурӯш рафтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, гелос меваи нозук аст ва бояд аз роҳҳои ҳавоӣ зуд интиқол дода шавад.

Ширкати ҳавоии ҷанубии Чин ҳар ҳафта аз Урумчӣ ба Душанбе бо ҳавопаймои Boeing 757 ду парвоз анҷом медиҳад ва метавонад то 6 тон бор барад.

Дар бораи воридоти гелосҳои Тоҷикистон ба Чин раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Раёсати умумии назорат бар сифати маҳсулоти Чин моҳи маи соли 2013 протоколҳоро имзо карда буданд.

Баъд аз он 20 июни соли гузашта бори аввал бештар аз 2 тон гелоси Тоҷикистон ба Урумчӣ интиқол ёфт. Сипас 7 июли ҳамон сол ба фурудгоҳи Шонгҳой 250 қуттӣ, яъне бештар аз 2 тон фиристода шуд, ки арзиши он 4 800 долларро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG