Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми дӯстони Тсарнаев 5 июн эълон мешавад


Тажаяков бо модараш
Тажаяков бо модараш

Ҳукми ду нафар аз дӯстони Ҷоҳар Тсарнаев дар бамгузории марафон ё дави Бостони Амрико 5 июн эълон мешавад. Азамат Тажаяков-шаҳрванди Қазоқистон барои он гунаҳгор дониста мешавад, ки баъд аз бамгузорӣ дар соли 2013 ба бозрасон мушкил эҷод кард. Дар ин бамгузорӣ 3 нафар кушта, 264 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Мӯҳлати ҷазои Робел Филипос-шаҳрванди Амрико барои дурӯғгӯӣ ба бозрасон камтар буд. Барои Тажаяков 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд. Вале нагуфтаанд, ки ҷазои Филипос чӣ гуна аст.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ яке аз дӯстони Тажаяков бо номи Диас Кадирбаев 6 сол маҳкум ба зиндон шуд Вай ҳам нахоста буд бо бозрасон ҳамкорӣ кунад.

Тсарнаев моҳи май барои ҳамла ба қатл маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG