Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи нерӯҳои ироқӣ барои пас гирифтани Рамодӣ


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои ироқӣ баъзе аз канораҳои шарқии шаҳри Рамодиро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ пас гирифтаанд. Хабаргузории Фаронса аз қавли фармондеҳони ироқӣ навиштааст, ки амалиёт барои пас гирифтани Ҳусайба дар шарқи шаҳри Рамодӣ, маркази вилояти Анбор рӯзи 23-уми май шурӯъ шуд. Ин аввалин ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои ҳукуматӣ барои пас гирифтани Рамодӣ аст, ки ҳафтае пеш ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ онро ишғол карданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва мақомоти Ироқ, нерӯҳои давлатӣ бо ҷангҷӯён дар шарқи Рамодӣ наздик ба шаҳри Холидия даргир ҳастанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд, ҳамлаи ҷангҷӯёнро бомуваффақият рафъ кунанд. Таъйиди ин гузоришҳо аз манобеи дигар имконнопазир аст. Айни замон эътилофи нерӯҳои ҳавоӣ ба раҳбарии Амрико ба мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ аз ҷумла дар наздикии Рамодӣ 22 маротиба зарба задаанд.

XS
SM
MD
LG