Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 ситезаҷӯ аз зарбаҳои ҳавоӣ


Кормандони хадамоти кашфи Покистон мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар Вазиристони Шимолӣ дасти кам 15 тан аз аъзои эҳтимолии гурӯҳҳои ситезаҷӯ кушта шуданд.

Ба гуфтаи як фармондеҳи маҳаллии амниятӣ ва ду корманди хадамоти кашф, зарбаҳо ба мавқеъҳои тундравҳо 21 май дар минтақаи Дата Хейли водии Шавол зада шуданд. Ин водӣ – масири калидии қочоқбарон миёни Покистону Афғонистон маҳсуб мешавад. Аз ин пеш толибон ҳама манотиқи кӯҳии марз бо Афғонистони Вазиристони Шимолиро таҳти назорат доштанд. Аммо бар асари амалиёти артиши Покистон дар моҳи июни соли гузашта бештари ин манотиқ аз ситезаҷӯён пок карда шуданд.

Водии Шавол – пойгоҳи Хон “Санҷо” Саид, яке аз раҳбарони ҷунбиши “Толибон” маҳсуб мешавад, ки номи ӯ соли гузашта аз сӯи мақомоти ИМА ба феҳристи таҳримҳои террористони байнулмилалӣ шомил карда шуд.

XS
SM
MD
LG