Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Виктория Нуланд ба Русия


Виктория Нуланда дар Украина дар рӯзи 16-уми май.
Виктория Нуланда дар Украина дар рӯзи 16-уми май.

Ҳукумати Русия, сафари Виктория Нуланд, дастёри вазири умури хориҷии Амрико, дар умури Аврупо ва Авруосиё ба Маскавро аломати беҳбуди муносибатҳои дутарафа номид. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Виктория Нуланд рӯзҳои 17 ва 18-уми май бо мақомоти Русия иқдомоти баъдӣ барои иҷрои созиши оташбас дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунад. Пеш аз ин сафар, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Сочи мулоқот кард. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки сафари Виктория Нуланд, аломати беҳтар шудани муносибатҳои байни ду кишвар аст ва ба қавли ӯ, Владимир Путин ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки ду тараф бояд муколамаи наздиктар дошта бошанд. Виктория Нуланд, рӯзи 18-уми май бо Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия ва Людмила Алексеева, ҳомии собиқадори ҳуқуқи инсон мулоқотҳои алоҳида доштааст.

XS
SM
MD
LG