Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 тан дар ҳамла ба меҳмонсарои Кобул


Кормандони пулис дар назди меҳмонхонаи Парк Палас
Кормандони пулис дар назди меҳмонхонаи Парк Палас

Афроди мусаллаҳи Толибон дар Кобул 13 май ба меҳмонхонаи хориҷиён ҳамла бурданд. Дар ин ҳамла 5 нафар кушта, 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Абдулраҳмон Раҳимӣ-фармондеҳи пулиси Кобул гуфт, ҳамаи ононе, ки ба қатл расидаанд, шаҳрвандони хориҷӣ, яъне яке аз онҳо амрикоӣ ва 4 нафари дигар шаҳрвандони Ҳиндустон мебошанд.

54 нафари дигар аз ин меҳмонхона, ки Парк Палас ном дорад, баъд аз як соати муҳосира наҷот дода шуданд. 45 нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд.

Забиуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар изҳороте ба бахши Афғонистони озоди Радиои Озодӣ иддао кард, ки ин ҳамларо Толибон анҷом додаанд.

Саид Гулоқо Рӯҳонӣ-муовини фармонденҳи пулиси Кобул ба хабаргузории Франс Пресс гуфт,“3 ҳамлагар кушта шуданд ва онҳо имкон надоштанд, ки камарбанди интиҳории худро тарконанд”.

Соли гузашта низ афроди Толибон дар Кобул ду ҳамлаи бераҳмона анҷом дода буданд. Яке аз ин ҳамлаҳо ба тарабхона ва дигарӣ ба меҳмонхона анҷом гирифта буд.

XS
SM
MD
LG