Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қирғизро дар марзи Узбакистон куштанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, марзбонони узбак як шаҳрванди он кишварро дар сарҳад куштанд ва як нафари дигарашонро боздошт карданд. Гулмира Борубоева, сухангӯи Кумитаи давлатии марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 12-уми май дар вилояти Ботканд рух додааст. Бино ба иттиллои пешакӣ, се шаҳрванди Қирғизистон, вақти ҳаракат аз ноҳияи Сӯхи Узбакистон, ки ҷазирақаламраве дар дохили Қирғизистон аст, ба амри марзбонон барои нигаҳ доштани мошин итоат накардаанд. Сарҳадбонони узбак ба сӯи онҳо тир андохта якеро куштаанд ва яки дигарро дар дохили ноҳияи Сӯх дастгир кардаанд. Нафари саввум аз ҷойи ҳодиса фирор карда ва ҳоло дар Қирғизистон аст. Шаҳрвандони Қирғизистон аз Сӯх, ки тоҷикнишин аст, маҳсулоти кишоварзӣ мебурдаанд.

XS
SM
MD
LG