Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғи нави ҳайвонот дар 25 га замини "Қамчин"


Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе мегӯяд, ки Боғи нави ҳайвонот дар канораи пойтахт, дар 25 гектар замини ҷамоати “Қамчин”-и ноҳияи Рӯдакӣ, бунёд хоҳад шуд. Қудратулло Файзуллоев, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 12 май ба “Озодӣ” гуфт, “ҷангалзори Қамчин аз нигоҳи релйефи маҳал як макони зебоманзари шаҳр ба ҳисоб рафта, барои боғи ҳайвонот мувофиқ аст. Ҳоло ҳуҷҷатҳо бар асоси нақшаи генералӣ барои расман ҷудо кардани қитъаи замин омода шудааст ва бо содир шудани қарори ҳукумат сохтмони он оғоз меёбад.”

Боғи вуҳуши феълӣ ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ бино шуда, аз он даврон тағйири зиёде надидааст. Ин боғ дар рӯбарӯи “Кӯли ҷавонон” ва дар наздикиҳои маркази Душнабе воқеъ аст.

Масъулони “Боғи ҳайвонот” мегӯянд, ин боғ дар маҷмӯъ аз 6 бахш иборат буда, дар онҳо беш аз 800 ҷонвар ҷой дода шудаанд. Боғи ҳайвоноти Душанбе дар ҳоли ҳозир соҳиби 7 шер, 2 бабр, 8 маймун, 18 хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир аст. Дар назар аст, рӯзҳои наздик ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ду ҷуфт Кенгуру аз Ҷумҳурии Чех оварда шавад.

XS
SM
MD
LG