Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон


Рӯзи 28 апрел дар Душанбе шашумин ҷаласаи муштараки комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар масоили иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба кор оғоз кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории нишаст дар бинои Вазорати энержӣ ва захираҳои об мегӯяд, ҳайати Туркманистонро дар ин нишаст Муҳаммадуғлӣ Муҳаммадов -- вазири молия ва аз ҷониби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода -- вазири энержӣ ва захираҳои об раҳбарӣ доранд.

Ба иттилои хабарнигори мо, "ҷонибҳо дар ин нишаст вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фаннӣ, миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард." Интизор меравад, дар поёни нишаст санаде аз натиҷаҳои шашумин нишасти муштараки комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркмнаистон ба имзо расад.

Баргузории ҷаласаи муштарак дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Туркманистон аз равобити хуб дар минтақа бархӯрдоранд. Ҳаҷми мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар семоҳаи соли ҷорӣ 25 миллион долларро ташкил дода ва ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соле пеш ҳудуди 68 дарсад зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG