Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Роспотребнадзор аз бемории тоун


Анна Попова
Анна Попова

Анна Попова, раиси "Роспотребнадзор"-и Русия дар мулоқот бо раҳбарони муассисаҳои беҳдоштии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой гуфтааст, баҳори зудрас мумкин аст сабаби рӯ задани бемории тоун ё "чума" шавад. Вай зикр кардааст, дар Русия 11 манбаи табиӣ, дар Қазоқистон 20 манбаъ, дар Чин 15, дар Қирғизистон 5, дар Узбакистон 2 ва дар Тоҷикистон як манбаи бемории тоун вуҷуд дорад.

Попова дар бораи ин манобеи табиии тоун тавзеҳот надода, вале таъкид кардааст, муассисаҳои беҳдоштӣ бояд дар мавсими бедории табиат аз бурузи ин беморӣ пешгирӣ кунанд.

Бино ба гуфтаи раиси "Роспотребнадзор", соли 2014 дар саросари ҷаҳон 276 нафар ба бемории тоун гирифтор шуда ва аз ин теъдод 76 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG