Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Қирғизистон 339 нафар дар Сурия меҷанганд


Шумораи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Сурия меҷанганд, ба 339 нафар расидааст. Дар ин бора Рафиқ Мамбеталиев -сардори раёсати вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар миёни онҳо 49 зан ва 20 наврас низ ҳастанд. Мамбеталиев мегӯяд, ки дар ҷануби Қирғизистон вазъи мазҳабӣ ташдиди ёфтааст. Ахиран дар ин минтақа як гурӯҳро боздошт карданд, ки ба ташвиқ ва ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон ба Сурия машғул буд.

Аъзои ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳои сохта таҳия мекарданд ва барои ба минтақаҳои ҷанг бурдани кӯдакон гувоҳномаҳои дурӯғин медоданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG