Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синдзо Абэ ба Тоҷикистон сафар мекунад


Синдзо Абэ
Синдзо Абэ

Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон, охирҳои моҳи август, барои нахустин бор ба Тоҷикистон сафар мекунад. Қарор аст, ки ӯ дар чаҳорчӯби сафараш ба минтақа аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон ҳам дидан кунад.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 12 апрел бо такя ба рӯзномаи “Иомиури симбун”, чопи Токио, хабар дод, ки ин нахустин сафари расмии нахуствазири Ҷопон ба Осиёи Марказӣ дар нӯҳ соли ахир хоҳад буд. Рӯзнома навиштааст, ки “ҳадафи асосии сафари Абэ таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки саршор аз нафту газ ва дигар захираҳои табииянд”.

Ҳамчунин, ба иттилои рӯзнома, дар музокирот бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва терроризм баррасӣ шуда, қарор аст, ки чанд санад дар мавриди кӯмаки Ҷопон ба тарҳҳои сохторӣ дар ин кишварҳо имзо шавад.

Соли 2006 нахуствазири вақти Ҷопон Дзюнитиро Коидзумӣ ба Қазоқистон ва Узбакистон сафар карда буд. Дар интиҳои сафари ӯ ба Қазоқистон, аз ҷумла, ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши истифодаи энерҷии осоишта имзо шуда буд.

Санаи шурӯъ ва анҷоми сафари Синдзо Абэ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG