Азиз Саидов, сокини 44-солаи ноҳияи Фархор доруи заҳрнокро хӯрда ва дар бемористон ҷон бохтааст. Ҳарчанд мақомот дар мавриди бемории рӯҳӣ доштани ӯ ҳадс мезананд, аммо ҳамсоягони Саидов бар инанд, ки ӯ дар пайи қарздор будан даст ба худкушӣ задаааст. Шамшод Авазов, як ҳамсояи Саидов, сешанбеи 7 арел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як сол қабл Саидов барои сафар ба Русия аз кадом шахсе ба миқдори 20 ҳазор рубли русӣ қарз гирифта, ба Маскав меравад. Ба гуфтаи Авазов, Саидов дар Маскав аз сар захмӣ шуда, ба Тоҷикистон бармегардад, ва то кунун аз дарди сар азият мекашид. Авазов мегӯяд, Саидов замоне дору мехӯрад, ки қарздорон аз ӯ пулӣ қарзро талаб мекунанд.
Ҷаноби Авазов афзуд: «Дар Масква рафта, сараш ҷароҳат мебардорад. Баъд ба хонааш омада, табобат мегирифт. Вақтҳои охир аз сар, ки ранҷ мекашид, дар каме сухан, зуд асабонӣ мешуд. Дар пайи ин хонаводааш ба назди як мулло бурда, ӯро хононданд, то чи беморие дар бадани ӯ бошад, барояд. Баъд аз кадоме қарздор будааст, соҳибони пул омада қарзашонро мепурсанд ва ӯ аз фикр се шаб хоб намекунад, билохира дар охир дору мехӯрад ва он сабаби маргаш мешавад.»
Раҷабалӣ Қӯрбонов, муовини сартабиби бемористони марказии Фархор дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯро замоне ба беморхона интиқол доданд, ки заҳр ба тамоми бадани ӯ таъсир расонида буд. Ба гуфтаи Қурбонов, баъди 10 дақиқаи интиқлол ба бемористон, ӯ ҷон додааст.