Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон вазири нави дифоъ муаррифӣ мекунад


Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки ба зудӣ генерал-лейтенант Афзал Лудин ба унвони номзад ба мақоми вазири дифои он кишвар ба парлумон муаррифӣ хоҳад шуд. Аҷмал Обидӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай генерал-лейтенант Афзал Лудинро ба ҳайси номзад вазири дифои миллӣ муаррифӣ кардааст.

Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон аз генерал Афзул Лудин ба унвони яке аз кадрҳои ҳирфаӣ ном бурдааст, ки солҳои зиёде дар мақомҳои мухталифи вазорати дифои он кишвар кор карда ва ахиран ба ҳайси мушовири низомӣ дар дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ифои вазифа кардааст. Ин дар ҳолест, ки аз чандин моҳ ба ин тараф кобинаи Афғонистон такмил нашуда ва дар моҳи январ парлумони он кишвар 16 вазири муаррифишуда аз сӯи Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро радд кардаанд. Вазири пешниҳодии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Шермуҳаммад Каримӣ аз сӯи парлумони он кишвар раъйи таъйид наёфт ва ҳамин тавр аз чанд моҳ ба ин тараф, ин вазоратхонаро вазири сарпараст, раҳбарӣ мекунанд.

Талошҳои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ аз сӯи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар асари баҳсҳои шадид сари номзадҳо беш аз ҳафт моҳ ба ин тараф идома дорад. Кобинаи нави ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон 25 вазир дорад, ки 13 тани онҳо аз сӯи раиси ҷумҳур Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва 12 тани дигар аз сӯи раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин мешаванд. Дар ҳоли ҳозир танҳо ҳашт вазир аз сӯи парлумони он кишвар раъйи таъйид ба даст оварда ва ҳол 16 вазир, ба шумули вазири дифоъ ба парлумон муаррифӣ шудаанд, ки қарор аст ин ҳафта мавриди баррасии парлумон қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG