Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси марз дар дидори вазирони тоҷику қирғиз


Масоили марбут ба баҳсҳои марзӣ, бахусус, мушаххассозии хатти марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон - Сироҷиддин Аслов ва Эрдан Абдилдаев дар Душанбе буд.

Ин мулоқот рӯзе баъд аз нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти ду вазир инчунин ба густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG