Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се нафар бо 18 кг мухаддирот дар Ҳамадонӣ


Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон се шаҳрванди кишварро боздошт кардаанд, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва убури марз гумонбар дониста мешаванд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти КДАМТ, кормандони ин ниҳод дар як амлалиёти вижа дар ноҳияи Ҳамадонӣ се шаҳрванди ин кишварро боздошт кардаанд, ки аз онҳо 18,5 кило маводи мухаддир кашфу мусодира карда шуд. Ба иттилои манбаъ, яке аз ин боздоштшудаҳо Баҳодур Давлатов, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, соли 2003 бо моддаи 298 ва соли 2005 бо моддаи 200, қисми 2, ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ин фард соли 2011 дар пайи иҷрои Қонуни афв аз зиндон озод шудааст. Ҳамчунин шарикони Баҳодур Давлатов, Ҷӯрабек Малахов ва Фаррух Гулмаҳмадов низ дар соли 2004 барои кочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд, вале баъдан дар пайи иҷрои Қонуни афв, раҳо шуданд. Ҳамакнун нисбати ин се нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG