Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён шаҳри бостонии Ал-Ҳазраро нобуд кардаанд


Ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ шаҳри бостонии Ал-Ҳазра воқеъ дар шимоли кишварро вайрон кардаанд. Ҳамид ал-Ҷабурӣ, раиси бахши бостоншиносии Донишгоҳи Мавсил, гуфт, ин ҷангҷӯён харобаҳои шаҳр ва осори бостонии онро рӯзи 7-уми март тарконда нобуд кардаанд. Ал-Ҳазра, ки дар феҳрасти ёдгориҳои фарҳангии ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид шомил буд, дар 110 километрии ҷанубуғарби шаҳри Мавсил ҷойгир аст. Шаҳри бостонии 2000-сола бештар аз ҳама бо маъбадҳои зебои боқимондааш шӯҳрат дошт. Ду рӯз пеш аз гузоришҳо дар бораи вайрон кардани Ал-Ҳазра мақомоти Ироқ гуфтанд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ шаҳри бостонии Намруд аз аҳди Ошуриёнро бо булдозерҳо ба хок яксон карданд. Созмони Милал ин амалкарди ҷангҷӯёнро “ҷинояти ҷангӣ” номид. Моҳи гузашта гурӯҳи Давлати исломӣ, навори видеоиро нашр кард, ки дар он дида мешуд, ки ифротгароён пайкараҳои сангии 2600-солаи аҳди Ошуриёнро дар осорхонаи Мавсилро бо путку парма мешикастанд.

XS
SM
MD
LG