Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико изҳор намуд, ки Эрон, ба хотири созиш оид ба барномаи ҳастаияш бояд барои ҳадди аққал даҳ сол аз коркарди барномаи ҳастаӣ даст бардорад. Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters рӯзи 2 март гуфт, шонсҳо барои расидан бо тавофуқ зиёд нестанд, аммо ҳама гуна алтернативаи дигар бадтар хоҳад буд.
Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ – Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин ба иловаи Олмон талош доранд, ки Теҳронро ба мутаваққифсозии коркарди барномаи ҳастаӣ ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ розӣ кунанд.
Интизор меравад, ки нахуствазири Исроил Бенямин Нетаяху рӯзи сешанбе дар суханронӣ дар Конгресси ИМА бори дигар мухолифаташ ба созиш бо Эронро эълон кунад. Ба гуфтаи ӯ, созиши ҳастаӣ бо Эрон ба мавҷудияти давлати Исроил таҳдид мекунад.
Аммо Барак Обама иддаои Нетаняху дар мавриди Эронро нодуруст мехонад ва мегӯяд, баъд аз имзои созиши муваққат Эрон аз рушди барномаи ҳастаияш даст бардошт. "Эрон бисёр бахшҳои барномаи ҳастаияшро лағв кардааст», гуфт Барак Обама.
Қарор аст, ки созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон то рӯзи 30 июн имзо шавад.