Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тарма дар Афғонистон афзуд


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Афғонистон гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни резиши тарма ва обхезӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст ва тақрибан ба 247 нафар расидааст. Танҳо дар вилояти Панҷшер тармаи бузург 198 нафарро кушт. Наҷмуддин Хон муовини сардори пулиси Панҷшер гуфт, маъмурони наҷот аз дохили тӯдаҳои барфу тарма ҷасадҳои зиёд, ба шумули занону кудаконро пайдо кардаанд. Ба сабаби баста будани роҳҳо, чаҳор чархбол ба манотиқи офатзада, ғизои гарм партоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG