Раиси Кумиссиюни тағири иқлими СММ Райендра Пачаурӣ аз мақоми худ истеъфо додааст. Сабаби ин истеъфоро табъизи ҷинсӣ медонанд. Пачаурӣ дар номае ба Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ 24 феврал аз истеъфои худ хабар додааст.
Пачаурӣ ҳафтаи ҷорӣ ҷаласаи Кумиссиюни тағири иқлими СММ дар Кенияро замоне тарк кард, ки пулиси Ҳиндустон бар зидди вай парванда боз кард. Баъд аз шикояти як зани 29 сола, ки бо Пачаурӣ дар Деҳлӣ кор мекард, пулис расидагӣ ба парвандаи вайро оғоз кардааст.
Вале Пачаурии 74 сола ин иддаоро қабул надорад. Вай аз соли 2002 то ҳол раёсати Кумиссиюни тағири иқлими СММ бар уҳда дошт.