Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар Украина ҳукми иҷро гирифт


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш амр дод, бар асоси созиши оташбаси нав бо ҷудоиталабон, ҷангро қатъ кунанд. Ӯ шаби 14-уми феврал ва чанд дақиқа пеш аз ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбас дар ин бора дар вазорати дифои Украина сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт,ки «ҷаҳон дар интизори он аст», ки созиши оташбас риоят мешавад. Вале гуфт, Петро Порошенко, тирандозии шадиди ҷудоиталабони тарафдори Русия дар атрофи шаҳри Дебалтсево, талошҳо барои сулҳро ба хатар меандозад. Бар асоси тавофуқи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Минск, нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабон бояд пеш аз соати 12 шаб ба вақти маҳаллӣ ва дар рӯзи 15-уми феврал даргириҳоро қатъ мекарданд. Бино ба гузоришҳо, дари шаҳри Донетски таҳти контроли ҷудоиталабон баъди нимашаб тирандозӣ қатъ шудааст. Шаҳри Артёмивск, дар шимоли Дебалтсево, ки ҳардуро нерӯҳои ҳукуматӣ дар даст доранд, баъди ҳамлаҳои мушакии ду рӯз пеш нимашаб сокит шудааст.

XS
SM
MD
LG