Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нерӯҳои афғон бо Толибон дар Қундуз


Даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибони мусаллаҳ дар вилояти Қундуз бо кушта шудани 5 ҳамлавар поён ёфтааст.

Саид Сурур Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Қундуз, ба Радиои Озодӣ гуфт, соати даҳи рӯзи сешанбе даҳ тан аз ҳамлакунандагон, ки талоши дохил шудан ба сохтмони нави фармондеҳии амнияти ин виляотро доштанд, бо нерӯҳои афғон даргир шудаанд. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, дар ин ҳодиса як пулис захм бардошта, вале осебе ба афроди мулкӣ нарасидааст.

Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба уҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG