Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов қарзи футболи Русияро пардохт


Сарватманди ӯзбактабори Русия Алишер Усмонов музди мураббии дастаи миллии футболи Русия, Фабио Капеллоро, ки аз моҳи июн ба имн сӯ мояи баҳси мураббӣ ва Федерасиюни футболи Русия буд, падохт кард. Ба иллати вазъи бади молии Федерасюни футболи Русия қарзи дастмузди Капеллоро, ки ба 6 миллион доллар расида буд, Усмонов аз ҷайби худ дод. Дар хабари дигар, вазири варзиши Русия Виталий Мутко, ки Усмоновро ба ин пардохт водор намуд, мегӯяд, ин маблағ қарз аст, аммо пардохтҳои ояндаро фаро намегирад. Русия, ки дар соли 2018 мизбони Ҷоми Ҷаҳонии футбол хоҳад буд, аз ҳашт бозии интихобии Ҷоми Аврупо 2016 танҳо якеро буридааст.

XS
SM
MD
LG