Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши мубориза бо "ифротгароии динӣ"


Бахши ҳамкории ҳарбии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба беш аз 20 афсари нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шеваи мубориза бо «ифротгароии шадиди динӣ»-ро омӯзиш додааст. Ин давраи омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази равобити шаҳрвандӣ-ҳарбии Вазорати дифои Амрико ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Сафорати Амрико мегӯяд, ин давраи чоруми омӯзишӣ дар робита ба ифротгароии шадиди динӣ буд. «Коршиносон аз Амрико ба афсарон дар омӯхтани роҳи таҳияи стратегияи ҷилавгирӣ ва мубориза зидди зӯроварии динӣ кумак намуданд»,-омадааст дар иттилоияи сафорат. Манбаъ афзудааст, «ин семинар ба афсарон дар омӯхтани тарзи кор бо ҷомеаи динӣ ёрӣ расонд. Ҳамчунин иштирокчиён муфассал бо тартиби ҳамкории зич байни вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи радикализми динӣ ошно шуданд.»

Бахши ҳамкории низомии сафорати Амрико барномаи ҳамкории ҳарбии Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаро идора мекунад, ки омӯзиши афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам шомили он будааст. Ин бахш аз соли 2003 ба инҷониб тақрибан 200 миллион долларро дар шакли кумаки ҳарбӣ барои Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст.

XS
SM
MD
LG