Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: “Эрон ба бомби атомӣ ниёз надорад”


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи чоршанбе дар ҷараёни сафараш ба вилояти Исфаҳон эълон кардааст, “Теҳрон ба бомби атомӣ ниёз надорад”. Ӯ хитоб ба мухолифони Эрон барои доштани як бомби ҳастаӣ гуфтааст, “Шумо, ки бомбаи атомӣ сохтед, чӣ кор кардед ва оё тавонистед барои худ амният дуруст кунед? Мо ниёз ба бомби атомӣ надорем.”

Кишварҳои ғарбӣ пайваста Эронро муттаҳам мекунанд, ки қасди сохтани бобми атомиро дорад. Аммо Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомро рад карда ва барномаи ҳастаии худро сулҳомез хондааст. Раиси ҷмҳури Эрон дар идомаи суханонаш дар Исфаҳон афзудааст, “мо миллате бузург ва ҷавонони азиз дорем, ки бо ҳама фишорҳо ва таҳримҳо моҳвораи ҷадид ба фазо партоб кард”.

Эрон рӯзи душанбе эълон дошт, ки моҳворае ба номи “Фаҷр”-ро ба фазо партоб кардааст. Ин иттифоқ вокуниши Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дунбол дошт, ки барномаи мушакии Эронро нигаронкунанда ва таҳдиде барои минтақа медонад.

XS
SM
MD
LG