Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи якшанбе Юнон интихобот дорад


Рӯзи якшанбе 25 январ дар Юнон интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад. Имкон дорад, ки дар натиҷаи ин интихобот ҳизби Сиризаи Алексис Тсирпас ба сари қудрат ояд. Ин ҳизб бо барномаҳои наҷоти молии Юнон мухолиф аст ва метавонад кишварро вориди маҷрое созад, ки Юнон бо кӯмаккунандагони молии байналмиллалӣ дар мухолифат қарор бигирад.

Назарпурсиҳо нишон медиҳад, ки ҳизби тундрави чапгарои Сириза нисбат ба рақиби аслии худ Ҳизби Нави Демократии нахуствазир Антонис Самарас 4 дарсад бештар рай ба даст хоҳад овард.

Агар ҳизби Сириза пируз шавад, шояд Юнон натавонад қарзҳои худро ба Иттиҳодияи Аврупо бипардозад ва аз қаламрави истифодаи пули евро хориҷ хоҳад шуд.

Тсирпас, ки мехоҳад дар бораи қарзи 318 миллиард евроии Юнон музокироти навро оғоз кунад, ба райдиҳандагон гуфт, ки вай “ифтихор”-и юнониҳоро барқарор хоҳад кард ва ба тадбирҳои ғайримаъмулии наҷоти молӣ хотима хоҳад дод.

Аммо Самарас мегӯяд, ки “ҳизби Сириза ҳамаи Аврупоро бо Юнон душман хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG