Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони боздоштшударо ба ҷои таркиш бурданд


Сарбозони боздоштшудаи Украина, 22 январ
Сарбозони боздоштшудаи Украина, 22 январ

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ба сабозони боздоштшудаи артиши Украина 22 январ дар каронаи шаҳри Донетск ҷоеро нишон доданд, ки дар он ҷо дар таркише субҳи ҳамин рӯз дастикам 7 нафар кушта шуданд.

Бино ба гузоришҳо, сокинони ин маҳал ба сӯи сарбозон пораҳои шишаҳоро ҳаво медоданд ва фарёд мезаданд, ки дар истгоҳ дар ҷои таркиши троллейбус ба зону нишинанд.

Нозирони САҲА, ки аз маҳали ҳодиса боздид карданд, гуфтаанд, ки онҳо дар он ҷо ҷасади 7 нафарро дидаанд. Аммо мақомоти Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск ва кормандони бемористон мегӯянд, ки дар ин ҳодиса 13 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маскав ва Киев дар ин ҳодиса якдигарро муттаҳам кардаанд. Ҷудоихоҳон ва Русия мегӯянд, ки ин ҳодиса дар натиҷаи оташи тӯпхона ё хумпораандоз рух додааст. Арсений Ятсенюк –нахуствазири Украина мегӯяд, ки Русия масъулияти ин ҳамларо бояд бар дӯш бигирад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ин ҳамларо “ҷинояти нави даҳшатбор”-и нируҳои Украина арзёбӣ кард, ки гӯё барои ба ҳам задани талошҳои сулҳ анҷом гирифтааст.

XS
SM
MD
LG