Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ ҳини паёми президент қатъ намешавад


Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки субҳи рӯзи ҷумъа то анҷоми паёми президент, барқ дар ҳеҷ яке аз манотиқи кишвар хомӯш карда намешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик" рӯзи 22 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи рӯзи ҷумъа ба хотири паёми солонаи президенти кишвар ба парлумон, дар саросари кишвар барқ то соати 12 хомӯш карда намешавад. Вай афзуд, замони такрори паём, ки бегоҳ дубора пахш хоҳад шуд, ба маҳдуяти барқрасонӣ мутобиқ аст, аммо дар ин вақт низ барқ хомӯш намешавад ва мардум метавонанд аз тариқи телевизонҳои худ онро тамошо кунанд. Қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон фардо, 23 январ паёми солонаи худро ба парлумон ироа намояд.

XS
SM
MD
LG