Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи нав алайҳи муттаҳам дар ташкили ҳамлаҳо ба Мумбай


Боздошти Закӣ-ур-Раҳмон Лаҳвӣ (дар байн)
Боздошти Закӣ-ур-Раҳмон Лаҳвӣ (дар байн)

Мақомоти Покистон алайҳи муттаҳами асосӣ дар ташкили ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар шаш соли пеш парвандаи нав боз карданд. Закӣ-ур-Раҳмон Лаҳвӣ ин дафъа аз рӯи қонуни зиддитеррористии Покистон дар одамрабоӣ айбдор мешавад. Ӯ рӯзи сешанбе, 30 декабр, ба додгоҳ эҳзор шуд ва полис ӯро ба боздоштгоҳ бурд. Як рӯз пеш Додгоҳи олии Покистон дар бораи бо гаравпулӣ раҳо кардани Закӣ-ур-Раҳмон Лаҳвӣ тасмим гирифта буд.

Закӣ-ур-Раҳмон яке аз ҳафт нафари муттаҳам дар ташкили ҳамла ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон даро моҳи ноябри соли 2008 аст. Он вақт бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 160 нафар ва 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Яке аз ҳамлагарон Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб боздошт шуд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2010 Қассобро бо иттиҳоми куштору терроризм ва “таҳияи ҷанг алайҳи Ҳиндустон” ба марг маҳкум кард ва ӯ моҳи ноябри соли 2012 дар як маҳбаси Ҳиндустон эъдом шуд.

XS
SM
MD
LG