Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Платини мехоҳад дар футбол "корти сафед" ҷорӣ карда шавад


Мишел Платини, раиси УЕФА, Федератсияи футболи Аврупо, бори дигар пешниҳод кард, ки дар футбол барои муҷозоти бозингарон "корти сафед" ҷорӣ карда шавад. Аз ин пеш ӯ дар китоби худ “Биёед, аз футбол ҳафр бизанем”, пешниҳод карда буд, ки ба хотири ба муддати муайян аз майдон хориҷ кардани футболбозони қойидаро вайронкарда "корти сафед" роҳандозӣ шавад.

Ба иттилои сомонаи Goal.сом. Мишел Платини ахиран дар як конфаронси байнулмилалии варзишӣ дар Дубай гуфтааст, ки "корти сафед" ибтикори ҷадид аст ва он вобаста ба рафтори футболбоз дар майдон истифода мешавад. Бар пояи пешниҳоди Платини, довар метавонад футболбозро барои 5 ё даҳ дақиқа аз майдон берун кунад.

Бархе аз мутахассисони футбол ба пешниҳоди Мишел Платини бо назари шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ки он чизеро иваз назоҳад кард ва ҳатто шояд мавриди сӯиистифода аз сӯи бархе доварҳо қарор бигирад.

Ёдовар мешавем, ки 24 марти соли оянда интихоботи раиси УЕФА баргузор мешавад ва Мишел Платини номзади ягона ба ин мақом аст.

XS
SM
MD
LG